Ссылки доступа

Қазоқистон хулосаи нозирони САҲА дар бораи интихоботро "муғризона" номид


Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ба хулосаи пешакии Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар бораи назорати интихоботи президентии он кишвар вокуниш кард.

Вазорат гуфтааст, "дар хулосаи дафтари САҲА норасоии воқеъбинӣ эҳсос мешавад ва ин самаранокии кори онро ҳамчун ниҳоди муҳими созмон, ки то ба ҳол аз ҷонибдории кишвари мо бархурдор буд, зери суол қарор медиҳад".

Ҳамчунин гуфта шуда, ки дар хулосаи дафтари САҲА "иттиҳомҳои тасдиқношуда" дарҷ шудааст. Ба гуфтаи масъулони вазорат, гуфтаҳои дафтари САҲА бо хулосаҳои маъмурияти созмонҳои бонуфузи байналмиллалии дигар, ки интихоботи президентии Қазоқистонро назорат кардаанд, мухолиф мебошад ва ин аз "муғризона" будани он дарак медиҳад.

Дар охири вокуниш гуфта шуда, ки "хулосаи муқаддамотии дафтари САҲА "аз мавҷуд набудани хоҳиши рушди ҳамкориҳои дарозмуддат ва созанда бо мақомоти Қазоқистон дарак медиҳад".

Раҳбари ҳайати нозирони САҲА Урзула Гачек баъди ба поён расидани интихоботи президентии Қазоқистон гуфт, “набудани гуногунандешӣ ба коҳиши рақобат дар ин интихобот нақши муҳим бозид. Маҳдудиятҳо дар озодии баён ва имкони баргузории ҷамъомадҳои осоишта фазои интиқодиро танг кардааст".

XS
SM
MD
LG