Ссылки доступа

Президент Узбекистон вориди Порис шуд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 21 ноябр бо сафари расмӣ вориди шаҳри Порис шуд.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон хабар додааст, ки Мирзиёев дар ҷараёни ин сафар бо ҳамтои фаронсавии худ Эммануэл Макрон дидору гуфтугӯ ва масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.

Ҳамчунин имзои 14 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг, авиатсияи шаҳрвандӣ, хадамоти давлатӣ ва мубориза бо коррупсия дар назар аст.

Сафар бо даъвати президенти Фаронса анҷом мешавад.

XS
SM
MD
LG