Ссылки доступа

Боздошти яке аз хешони Ораз Вазирбеков дар Хоруғ


Ораз Вазирбеков
Ораз Вазирбеков

Яке аз пайвандони фаъоли зиндонӣ Ораз Вазирбековро дар шаҳри Хоруғ дастгир кардаанд.

Ба хабари наздиконаш, Тоҳир Абдолбеков, раиси пешини хадамоти коммуналии маркази Бадахшон, ба "расондани ёрии молӣ ба эътирозгарон" гумонбар аст.

Як намояндаи ҳукумат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 21-уми ноябр тасдиқ кард, ки Абдолбеков дастгир шуд, аммо тафсилот надод.

Наздикони Тоҳир Абдолбеков гуфтанд, ӯро ҳафтаи гузашта аз хонааш бурданд. "Ҳанӯз айб эълон нашудааст. Ба мо гуфтанд, ба эътирозгарон ёрӣ расондааст. Беасос аст. Вай ба эътирозгарон ҳеч кумак накарда буд," – гуфт яке аз хешовандонаш. Вай нахост, номашро зикр кунем.

Тоҳир Абдолбеков, язна (шавҳари хоҳар)-и Ораз Вазирбеков ва соҳиби чанд дӯкон дар Хоруғ будааст. Додгоҳи шаҳри Душанбе Вазирбековро, ки дар шароити мармуз аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд, дар аввали моҳи ноябр ба 16 сол зиндон маҳкум кард.

Тафсилоти ҳукм дастрас нест. Муфаттишон ӯро ба ифротгароӣ, даъват ба сарнагунии ҳукумат ба воситаи Интернет ва гирифтани пули хайрия муттаҳам мекарданд. Наздиконаш беасос медонанд.

Пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо фаъоли мадании бадахшониро дастгир ва баъзеро ба солҳои дароз зиндонӣ карданд. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, гуноҳе накардаанд ва иттиҳомот беасос аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои ингуна амалкардҳо сахт танқид кардаанд. Аз ҷумла, Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба муҳокимаҳои “ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад”.

XS
SM
MD
LG