Ссылки доступа

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Қазоқистон эълом шуданд. Тоқаев 26 ноябр савганди президентӣ ёд мекунад


Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон рӯзи сешанбеи 22 ноябр натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентиро эълом кард. Нозирони ғарбӣ ин интихоботро бидуни рақобат номиданд.

Раиси Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон Нурлан Абдиров гуфт, маросими расмии савгандёдкунии Қосимҷомарт Тоқаев барои муҳлати дувуми президентӣ рӯзи 26 ноябр сурат мегирад.

Интихоботи ғайринавбатии Қазоқистон рӯзи 20 ноябр баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, президенти амалкунандаи Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 81,3 дарсади раъй ба даст овардааст. Мунаққидон мегӯянд, панҷ номзади дигар, ки ба интихобот роҳ дода шуда буданд, ба хотири нишон додани рақобат буд: ҳар кадоми онҳо 2-3 дарсади раъй гирифтанд. Сутуни "Зидди ҳама", ба иттилои комисияи интихоботӣ, 5,8 дарсад раъй овардааст.

Маъмурияти Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА гуфт, интихобот "бидуни рақобат" ва гуногунандешии воқеӣ баргузор шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба ин хулосаи нозирон вокуниши сахт кардааст.

Дар остонаи интихобот даҳҳо фаъоли шаҳрвандии Қазоқистон боздошт ва ҳабси маъмурӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG