Ба иттилои ин ниҳод, дар бораи ҷудосозии маблағ дар мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Айбек Молдоғозиев бо мудири кулли ҳамкориҳои байналхалқии Комисияи Аврупо Петерис Устубса тасмим гирифта шудааст.
Мақомоти Қирғизистон чанд соли охир пайваста хабар медиҳанд, ки ниҳодҳои давлатиро ба фаъолияти рақамӣ мегузаронанд. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз ниҳодҳои давлатии он кишвар даъват кард, ки истифодаи коғазро кам ва табодули электронии ҳуҷҷатҳоро ба роҳ монанд.