Ссылки доступа

Дар Алмато гумонбарон ба "ғасби қудрат" 2 моҳ ҳабс шуданд


Додгоҳи Алмато ду нафари боздоштшуда бо гумони "тарҳрезии бетартибиҳо барои ғасби қудрат”-ро дар рӯзи интихоботи президентии Қазоқистон ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифт.

Вакили дифои гумонбарон Галим Нурпеисов 22 ноябр ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, Айдос Илипбоев ва Оқилҷон Кисимбоев ба боздоштгоҳ интиқол дода шуданд.

"Ҳар ду боздоштшуда айби эъломшударо рад мекунанд", - гуфт вакили дифоъ. Ба назари гумонбарон, ин иттиҳом сохта ва бо ҳадафи дуруст нишон додани иддаои ҳукумат дар бораи дахолати неруи хориҷӣ, бахусус мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, эҷод шудааст.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 17 ноябри имсол хабар дод, ки 7 нафарро бо гумони тарҳрезии "ошӯбҳои оммавӣ барои ғасби қудрат" дар рӯзи интихоботи пешазмуҳлати президентӣ боздошт кардааст.

Ба иддаои кумита, боздоштшудаҳо гӯиё барои ҳамлаи мусаллаҳона ба ниҳодҳои давлатӣ омодагӣ медиданд.

XS
SM
MD
LG