Ссылки доступа

Ҳабси вазири пешини фарҳанги Қазоқистон тамдид шуд


Додгоҳе дар шаҳри Остона 18 ноябр муҳлати ҳабси пешакии вазири пешини фарҳанги Қазоқистон Аристонбек Муҳаммадиулиро як моҳи дигар дароз кардааст.

Вазири пешини қазоқ панҷ моҳ мешавад, ки бо гумони дуздии беш аз 140 миллион тангаи буҷа дар ҳабс аст.

Мақомоти зиддифасоди Қазоқистон таҳқиқи фасодкории вазири пешинро рӯзи 16 майи соли ҷорӣ шуруъ карданд. Додгоҳ Муҳаммадиулиро 28 май ба ҳабси пешакӣ гирифта буд.

Муҳаммадиулӣ аз соли 2014 то 2019 вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон буд. Зарари эҳтимолии ба давлат расонидаи ӯ тақрибан 7 миллиард танга баҳо дода мешавад.

XS
SM
MD
LG