Ссылки доступа

Ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Мариуполи Украина ёфтаанд


Аз зери харобаҳои шаҳри Мариуполи Украина, ки аз ҷониби нерӯҳои Русия ғасб шудааст, ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистонро ёфтаанд.

Пайвандонаш гуфтанд, Шамсиддин Ҷалилови 42-сола дар Мариупол мезист, аммо баъди даромадани нерӯҳои Русия ба шаҳр дигар тамос надошт.

Бародари ӯ, Ҳомид Ҷалилов, барои овардани ҷасад ба Марипуол рафтааст. Вай рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, шахсияти бародарашро аз рӯи санадҳо дақиқ карданд.

“Ҷасадро шинохта намешавад. Ҳоло дар Мариупол ҳастам ва барои бурданаш ба Тоҷикистон кӯшиш дорам”, - афзуд ӯ.

Маълум нест, ин мард дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои Русия кушта шудааст ва ё ҳангоми хароб шудани биное, ки дар он мезист. Бародараш гуфт, сабаби марги ӯро намедонанд.

Низомиёни украинаӣ дар Марипол, шаҳри бандарии Украина, ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Русия муқовимати сахт нишон доданд. Пас аз муқовимати давомдор, 20-уми майи имсол, ин шаҳр аз ҷониби Русия тасарруф шуд.

XS
SM
MD
LG