Ссылки доступа

Дар робита ба латтукӯби хабарнигори "SuperTV" дар Бишкек нафаре боздошт шудааст


Пулиси шаҳри Бишкек дар робита ба латтукӯби хабарнигори телевизиони "SuperTV" Бактурсун Жоробеков як нафарро боздошт кардааст.

Хадамоти матбуотии Раёсати пулиси Бишкек иттилоъ дод, ки гумонбар А.К., соли таваллудаш 2000-ум, бо қарори додгоҳи ноҳияи Ленини пойтахти Қирғизистон 1 моҳ ҳабс шудааст.

Латтукӯби рӯзноманигор ҳамчун "Ғоратгарӣ" сабт шуда ва ҷустуҷӯи гумонбари дувум идома дорад.

Жоробеков мегӯяд, ҳамла ба вай замоне рух дод, ки аз дорухона берун шудааст. Афроди ношиносе ба вай наздик шуда, ба рӯ ва сараш зарба задаанд. Жоробеков ин ҳамларо ба фаъолияти касбиаш рабт медиҳад.

"Яке аз онҳо гуфт: Ин рӯзноманигори SuperTV аст, маро ба навор гирифтааст". Намедонам, ки кай аз ҳуш рафтаам, вақте ба хона омадам соат 04:30 дақиқа буд", - нақл кард хабарнигор.

XS
SM
MD
LG