Ссылки доступа

Президенти Узбекистон моҳи декабр ба Қирғизистон сафар мекунад


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон моҳи декабр ба Қирғизистон сафар мекунад.

Дар ин бора маркази матбуотии президентии Узбекистон хабар дод.

Шавкат Мирзиёев дар як мулоқот дар ҳузури сафири Қирғизистон дар Узбекистон гуфт, ки "дастёбӣ ба ҳалли масъалаи марзӣ дастоварди бесобиқае буд".

Пештар аз ин расонаҳо хабар доданд, ки порлумонҳои Узбекистону Қирғизистон дар давоми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар мавриди мудирияти муштараки обанбори Кампиробод созишнома тасдиқ карданд.

Ин созишнома дар Қирғизистон боиси мухолифати иддае аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шуд. Мақомоти Қирғизистон дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолон ва сиёсатмадоронро бо гумони ташкили бетартибиҳои оммавӣ боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG