Ссылки доступа

Пулиси Қазоқистон гумонбарони ҳамла ба идораи расонаи Elmedia-ро боздошт кардааст


Пулиси Қазоқистон дар бораи боздошти гумонбарони ҳамла ба идораи расонаи Elmedia хабар дод.

"Бо гумони ҳамла ду шаҳрванд: З, сокини шаҳри Алмато ва Г. аз шаҳри Тароз боздошт шуданд. Ҳар ду 18-сола ҳастанд", - хабар доданд дар идораи пулис.

Нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи "Майдаавбошӣ" парвандаи маъмурӣ кушода шудааст. Боздоштшудаҳо айбро эътироф кардаанд.

Пештар аз ин идораи расонаи Elmedia дар Қазоқистон хабар дод, ки шаби 23 ноябр афроди ношинос тирезаи ин идораро шикастаанд.

Навори тирезаҳои шикастаи идораи расона дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.

Шаби 20 ноябр, ки он рӯз дар Қазоқистон интихоботи президентӣ сурат мегирифт, шишаҳои дари вурудии идораи расонаро шикаста буданд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 14 октябр афроди ношинос шишаи идораи нашрияи Elmedia-ро дар шаҳри Алмато шикаста, навиштаҷоти "Elmedia. Kz News" боқӣ гузошта буданд.

"Пулис ба ҷои ҳодиса омада, аз пайи таҳқиқ шудааст. Аммо аз ҳоло маълум аст, ки ин авбошӣ нест, ин огоҳии хушунатбор ба рӯзноманигорон аст. Бидуни шубҳа, ин ҳамла аст", - хабар доданд аз идораи расона дар нимаи моҳи октябр.

Гулҷон Ергалиева, сармуҳаррири Elmedia рӯзи 14 октябр дар Фейсбук навишт, ки "фишор ва тарс додани расонаҳо ва фаъолони шаҳрвандие шуруъ шудааст, ки дар бораи мушкилоти иҷтимоиву сиёсии кишвар ошкоро ҳарф мезананд".

XS
SM
MD
LG