Ссылки доступа

Дар Бишкек нахустин Қурултойи мардумии Қирғизистон идома дорад


Рӯзи 25 ноябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон нахустин Қурултойи мардумӣ шуруъ шуд. Дар ин қурултой ё маҷлис 1072 вакил аз саросари Қирғизистон иштирок мекунад.

Котиби давлатии қурултой Суйнбек Касмамбетов дар сухани ифтитоҳӣ гуфт, ки ҳайати қурултой бо ҳузури президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, вакилони порлумон ва девони вазирон чанд масъаларо муҳокима мекунад.

Содир Ҷабборов рӯзи 16 август фармон "Дар бораи Қурултойи мардумӣ"-ро имзо кард. Меъёри қурултойи мардумӣ дар Конститутсияи Қирғизистон шомил карда шудааст. Пайдоиши ин ниҳод дар Қирғизистон баҳсҳоеро ба бор оварда буд.

Дастгоҳи президенти Қирғизистон мегӯяд, қурултой ҳамчун ниҳоди машваратӣ, назоратӣ барои самтҳои рушди ҷомеа тавсияҳо медиҳад. Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфт, ки дар қурултой ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар бораи фаъолияти яксолаи худ ҳисобот медиҳанд ва пешниҳоди ширкатдорони қурултойро мешунаванд.

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон ниҳоди навро номашруъ меноманд.

XS
SM
MD
LG