Ссылки доступа

Дар Қазоқистон интихоботи қабати болоии порлумон баргузор мешавад


Интихоботи қабати болоии порлумон ё сенати Қазоқистон рӯзи 14 январи соли 2023 таъйин шуд. Дар ин бора Қосимҷомарт Тоқаев, президенти он кишвар рӯзи 26 ноябр фармон имзо кард.

Интихоботи сенат дар робита ба хатми муҳлати салоҳиятҳои вакилон сурат мегирад.

Бино ба тағйироти нав ба Конститутсияи он кишвар, президенти Қазоқистон акнун ҳаққи таъйини 10 сенатро дорад. Дар ҳоле, ки то ин замон президент 15 узви сенатро таъйин мекард.

Аъзои сенат аз сӯи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ интихоб мешаванд. Дар маҷмуъ сенати Қазоқистон 50 узв дорад.

XS
SM
MD
LG