Ссылки доступа

Дар як шаҳри Қазоқистон ба далели сардӣ вазъи фавқулода эълом шуд


Мақомоти шаҳри Экибастузи вилояти Павлодари Қазоқистон баъди як рӯзи аз кор мондани маркази барқу гармидиҳии шаҳр дар ҳавои то 30 дараҷа сард, вазъи изтирорӣ эълом карданд.

"Раиси шаҳр бар асоси банди 48-уми қонуни Қазоқистон "Дар бораи ҳифзи шаҳрвандон" дар ҳудуди Экибастуз ба далели садама дар шабакаҳои гармидиҳӣ ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти техногенӣ эълон кард. Реҷаи изтирорӣ то анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шаҳр амал мекунад", - омадааст дар хабари шаҳрдорӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷамъан дар ин шаҳр ҳудуди 130 бинои баландошёнаи зист бегармӣ мондаанд. Расонаҳо хабар доданд, ки 28 ноябр дар шаҳр боғчаҳо кор намекунанд ва мактабҳо ба омӯзиши фосилавӣ мегузаранд.

Садама дар маркази барқу гармидиҳии Экибастуз 27 ноябр рух додааст. Ин шаҳр 150 ҳазор аҳолӣ дорад.

XS
SM
MD
LG