Ссылки доступа

Ҷадвали интихоботи Сенати Қазоқистон тасдиқ шуд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Қазоқистон ҷадвали интихоби аъзои сенати ин кишварро, ки қарор аст, 14 январи соли 2023 баргузор шавад, тасдиқ кард.

Муовини раиси комиссия Константин Петров хабар дод, ки пешбарии номзадҳо ба мақоми вакилии Сенати Қазоқистон 29 ноябр шуруъ шуда, то 14 декабри имсол идома хоҳад кард.

КМИР Қазоқистон иттилоъ дод, ки номзадҳо ба вакилии сенат дар бахшҳои вилоятӣ ва шаҳрии комисся ба қайд гирифта мешаванд. Ба гуфтаи Петров, номзадҳои худпешбар бояд эъломияи даромади худро пешниҳод ва гаравпулии интихоботиро дар ҳаҷми 900 ҳазор танга (1925 доллар) пардохт кунанд.

Интихоботи Сенат ё палатаи болоии порлумони Қазоқистон ба рӯзи 14-уми январи соли 2023 таъйин шуд. Интихоботи Сенат дар робита ба хатми муҳлати салоҳиятҳои вакилон сурат мегирад.

Тибқи тағйироти нав ба Конститутсияи Қазоқистон, президент акнун ҳаққи таъйини 10 узви сенатро дорад. Ӯ қаблан 15 узви сенатро таъйин мекард.

Аъзои сенат аз сӯи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ интихоб мешаванд. Дар умум, Сенати Қазоқистон 50 узв дорад.

XS
SM
MD
LG