Ссылки доступа

Русия Амид Алифшоевро ба Тоҷикистон супурдааст


Амид Алифшоеви 34-сола аз маҳаллаи "Хлебзавод"-и шаҳри Хоруғ, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекард, рӯзи 22-юми ноябр дастгир ва, ба иттилои наздиконаш, ба Тоҷикистон "истирдод шудааст".

Чанд манбаи наздик ба Алифшоев рӯзи 28-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯро "чанд шахси ниқобпӯш" дар хонааш, дар пойтахти Русия, дастгир карданд.

"Бо зӯр ба хонаи Алифшоев даромада, ӯро бурданд. Пас аз чанд рӯз худаш занг задааст, ки дар фурудгоҳ ҳасту дар ҳоли истирдод ба Тоҷикистон," – нақл кард ҳамсуҳбати мо. Ӯ нахост, номашро нависем.

На мақомоти Русия ва на мақомоти Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ надодаанд.

Пайвандони Амид Алифшоев намедонанд, ӯ ба чӣ гумонбар аст ва истирдодаш аз Русия ба Тоҷикистон ба чӣ далел ва аз тарафи кадом Додгоҳ сурат гирифта. Онҳо мегӯянд, Амид Алифшоев панҷ сол пеш Тоҷикистонро тарк карда буду дар Маскав мезист.

"Ӯ ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа надошт, ки чизе алайҳи ҳукумат ва ё сиёсати давлат бигӯяд," – нақл кард яке аз наздиконаш.

Ба иттилои дарёфтӣ, имсол зиёда аз 20 зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Русия дастгир ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Баъзе аз онҳо шаҳрвандии Русияро низ доранд.

Пойгоҳи хабари "Pamir Daily News" рӯзи 17-уми ноябр навишт, ки зодаи Хоруғ, Фирӯз Мамадёрбеков, дар шаҳри Санкт-Петербург "рабуда шудааст". Ӯро яке аз шахсони наздик ба фармондеҳи пешин Толиб Айёмбеков медонанд. Айёмбеков ҳатаи гузашта ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Саҳифаҳои наздик ба мақомоти Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри чанд наворҳо бозгашти баъзе аз онҳоро "ихтиёрӣ" номиданд, вале наздиконашон "саҳнасозӣ" мегӯянд.

XS
SM
MD
LG