Ссылки доступа

Сарвазири Русия баъди мулоқот бо Тоқаев ба Узбекистон меравад


Сарвазири Русия Михаил Мишустин рӯзҳои 1 ва 2 декабри имсол аз Узбекистон боздид хоҳад кард.

Хабаргузории "Podrobno.uz" бо истинод ба намояндагии тиҷоратии Русия дар Узбекистон хабар дода, ки Мишустин дар форуми тиҷории ду кишвар дар шаҳри Самарқанд иштирок мекунад. Ҳайати Узбекистонро дар ин чорабинӣ сарвазир Абдулло Орипов раҳбарӣ хоҳад кард.

Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба рушди бахши ҳамлу нақл ва саноат, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ, соҳибкории хурду миёнаи Узбекистон ва Русия ба баррасӣ гирифта мешаванд.

Қаблан "РИА Новости" хабар дода буд, ки президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 28 ноябр, дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Москва нахуст бо ҳамтои руси худ Владимир Путин ва сипас бо Мишустин дидору гуфтугӯ кардааст.

"Имрӯз бо Владимир Владимирович дар бораи он суҳбат кардем, ки як навъе эътилофи сеҷониба зарур аст ва вай тасмим дорад, ба президенти Узбекистон занг занад. Мо ҳам бояд вориди ин мавзуъ шавем то ин, ки ба натиҷаҳои мусбат ва созиш расем. Чаро не", - гуфтааст Тоқаев дар суҳбат бо Мишустин.

XS
SM
MD
LG