Ссылки доступа

Қарзи сокинони зарардидаи Қирғизистон дар низои марзӣ бахшида шудааст


Бонки миллии Қирғизистон 29 ноябр гуфт, ба қарздорони бонку созмонҳои молиявии қарзии ин кишвар, ки дар натиҷаи низои марзии моҳи сентябр дар вилоятҳои Бодканд ва Ӯш зарар дидаанд, кумак карда шудааст.

Бино ба иттилои бонк, то 24 ноябри имсол ҷамъан 474 қирғизистонии қарздор ба ин ниҳод муроҷиат карда, дар натиҷа қарзи 27 каси онҳо ба маблағи 19 миллиону 538 ҳазор сом бахшида шудааст.

Бонки миллии Қирғизистон афзуда, ки созмонҳои молиявии қарзии ин кишвар ҳамаи муроҷиати сокинонро баррасӣ ва чораҳои лозимӣ хоҳанд андешид.

Рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъ бархост. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани беш аз панҷоҳ нафар гузориш доданд. Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои манобеи худ рӯйхати 83 кушташударо тартиб дод.

Қирғизистон аз 63 кушта ва бештар аз 200 захмӣ гуфт. Ҳамчунин зиёда аз 130 ҳазор сокини минтақаҳои наздимарзии ин кишвар маҷбур шудаанд, ки хонаҳои худро тарк кунанд. Тибқи маълумоти пешакии комиссияи давлатии Қирғизистон, ин кишвар дар натиҷаи низои марзӣ 3 миллиарду 130 миллион сом зарар дидааст.

XS
SM
MD
LG