Ссылки доступа

Гумонбари дувум дар латтукӯби хабарнигори "SuperTV"-ро дастгир карданд


Пулиси шаҳри Бишкек дар робита ба латтукӯби хабарнигори телевизиони "SuperTV" Бактурсун Жоробеков гумонбари дувумро боздошт кардааст.

Ба иттилои пулис, гумонбари дувум 22 сол дошта, бо қарори додгоҳ то 18 декабри имсол ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Пештар Хадамоти матбуотии Раёсати пулиси Бишкек иттилоъ дода буд, ки дар робита ба латтукӯби хабарнигор А.К., соли таваллудаш 2000-ум дастгир ва бо қарори додгоҳи ноҳияи Ленини Қирғизистон 1 моҳ ҳабс шудааст.

Латтукӯби рӯзноманигор ҳамчун "Ғоратгарӣ" сабт гаштааст.

Жоробеков мегӯяд, ҳамла ба вай замоне рух дод, ки аз дорухона берун шудааст. Афроди ношиносе ба вай наздик шуда, ба рӯ ва сараш зарба задаанд. Жоробеков ин ҳамларо ба фаъолияти касбиаш рабт медиҳад.

XS
SM
MD
LG