Ссылки доступа

Le Figaro: парвандаи Аблязов – дар меҳвари гуфтугӯи Тоқаев бо Макрон


Нашрияи фаронсавии Le Figaro менависад, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар дидор бо ҳамтои фаронсавиаш Эммануэл Макрон вазъи атрофи Мухтор Аблязов, бонкдори пешини қазоқистониро баррасӣ хоҳад кард, ки ҳоло дар Фаронса зиндагӣ дорад.

"Миёни Фаронсаву Қазоқистон парвандаи печидае қарор дорад, ки дар меҳвари дидори қарибулвуқуи Эммануэл Макрон ва Қосимҷомарт Тоқаев хоҳад буд. Ин парвандаи сарватманд Мухтор Аблязов аст, ки ҳоло дар Фаронса паноҳандагии сиёсӣ дорад", - омадааст дар мақолаи Le Figaro.

Нашрия дар бораи Аблязов иттилои густардае дода, ба вижа навиштааст, ки мақомоти Қазоқистон ӯро дар "азхудсозии бештар аз 7 млрд доллар айбдор мекунанд".

Нашрияи ҳамчунин зикр кардааст, ки мақомоти Қазоқистон борҳо талош карданд, ӯро истирдод кунанд. Аблязов соли 2009 аз Қазоқистон фирор кард.

Аблязов айбҳои эъломшударо рад ва онҳоро дорои ангезаи сиёсӣ меномад. Аблязов ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон"-ро таъсис дод, ки дар Қазоқистон ин ҳаракат тундгароёна эътироф шудааст. Ҷонибдорони Аблязов дар Қазоқистон таъқиб мешаванд.

XS
SM
MD
LG