Ссылки доступа

Узбекистон муколамаҳои сиёсӣ бо Амрикоро бо вуҷуди ҳушдори Москва идома медиҳад


Вашингтон омодааст, ки муколамаҳои фаъол, созанда ва сиёсии худро бо Тошканд идома диҳад. Ин нукта 29 ноябр дар мулоқоти муовини аввали вазири умури хориҷии Узбекистон Фурқат Сидиқов бо сафири Амрико дар он кишвар Ҷонатан Хеник зикр шудааст.

Дар иттилоияи расмии Вазорати умури хориҷии Узбекистон омадааст, ки "дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тошканду Вашингтон, масоили марбут ба ҷаласаи навбатии Муколамаи шарикии стратегӣ миёни Узбекистон ва ИМА баррасӣ шуданд".

Ҳамчунин ҷонибҳо дар ин мулоқот пешниҳодҳо барои таҳкими робитаҳои тиҷорӣ, сармоягузорӣ, навоварӣ, кишоварзӣ ва энергетикаро ба баҳс кашидаанд. Хеник изҳор доштааст, ки Амрико омодааст, кумакҳои молӣ ва техникиро ба Узбекистон идома диҳад.

Қаблан дафтари матбуоти Думаи давлатии Русия хабар дода буд, ки раиси ин ниҳод Вячеслав Володин Узбекистонро аз паёмадҳои ҳамкорӣ бо ИМА ҳушдор додааст. Вай гуфта, ки "натиҷаи равобити Иёлоти Муттаҳида ва шарикони стратегии он дар Аврупо барои Узбекистон дар арзёбии паёмадҳои эҳтимолии ҳамкорӣ бо Вашингтон намуна аст".

XS
SM
MD
LG