Ссылки доступа

Қиссаи ҷавони маъюб, ки ба артиш ҷалб шуд (гулчин)


UKRAINE - Prokhladnoye village, Bakhchisarai district, 24Feb2021

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Қиссаи ҷавони маъюб, ки ба артиш ҷалб шуд. (видео)

- Дар Душанбе роҳҳои сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Дар ҳамоише дар Душанбе мавзуи сулҳ ва ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон баҳс шуд. Толибон, ки Афғонистонро дар даст доранд, ба он муттаҳам мешаванд, ки ҳукумати як қавмро ташкил кардаанд. Худи Толибон ба ин нишаст наомадаанд. (видео)

- "Дидам сару рӯяш сиёҳ". Хонаводаи як зани ҷавон аз ноҳияи Варзоб, ки беш аз як моҳ боз ӯро ҷустуҷӯ доранд, дар бедарак шудани ӯ ҷабру ситам дар хонаводаи шавҳарашро сабаб медонанд. Иддаое ки шавҳари ин зан рад мекунад ва мегӯяд ҳамсараш барои муоина ба назди табиб рафт ва дигар барнагашт (видео)

- Мухолифи ҳукумати Тоҷикистон чаро ба Украина рафт?Шарофиддин Гадоев, узви "Паймони Миллӣ", эътилофи чаҳор созмони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, ним моҳ дар Украина буд ва бо зиндагии мардуму вайрониҳоие, ки артиши Русия ба ҷо гузоштааст, аз наздик ошно шуд. Ӯ афзуд, ба тоҷикон паём дод, ки аз тарафи Русия дар ин ҷанг иштирок накунанд (видео)

- Елтсини тоҷик дар бозори Алмаато чӣ кор мекунад? Дар яке аз бозорҳои бузурги шаҳри Алмаато теъдоде аз растаҳои онро фақат тоҷикон дар даст доранд ва мегӯянд, ҳам тиҷорат мекунанд ва ҳам муштариёнашро ташвиқ мекунанд, ки ба Тоҷикистон бираванду меваҳои ширини онро бичашанд. (видео)

- Беморони зардпарварин дар Тоҷикистон зиёд шудаанд? ​Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, ки шумораи мубталоёни бемории зардпарвин (гепатити А) дар кишвар наздик ба 15 дарсад афзудааст. Ба гуфтаи пизишкон, беморӣ маъмулан дар айёми тирамоҳ бештар мешавад, аммо имсол "аз меъёр зиёдтар аст". (видео)

- Елтсини тоҷик дар бозори Алмаато чӣ кор мекунад? Дар яке аз бозорҳои бузурги шаҳри Алмаато теъдоде аз растаҳои онро фақат тоҷикон дар даст доранд ва мегӯянд, ҳам тиҷорат мекунанд ва ҳам муштариёнашро ташвиқ мекунанд, ки ба Тоҷикистон бираванду меваҳои ширини онро бичашанд (видео)

- Нигаронии ҳомиёни ҳуқуқи уйғурҳо аз ояндаи мардумашон дар Чин.​ Бино ба пажуҳиши ширкати амрикоии Лукаут, замимаҳои телефонӣ бо забони уйғурӣ метавонанд, дар бораи уйғурҳо иттилоъ ҷамъ оваранд. Ширкат гуфт, мутахассисон ошкор кардаанд, ки замимаҳо бо нармафазорҳои ҷосусие олудаанд, ки ба рахнагарони ҳукумати Чин рабт доранд. (видео)

- Тоҳиру Зоҳир 18-сола мешаванд, вале... Бародарон Тоҳиру Зоҳир, ки маъюби модарзоданд, баъд аз чаҳор моҳ 18-сола мешаванд. Зоҳир ҳарчанд бо душворӣ ҳаракат мекунад, дучарха меронад, ба мактаб меравад ва барои оянда нақшаҳо дорад, Тоҳир аз ҳамаи инҳо маҳрум аст. (видео)

- Ошхонаи Руфия нишонаи меҳмоннавозии тоҷикон дар Алмато. "Гӯшае аз Тоҷикистон" - исми ошхонаи миллии ғизоҳои тоҷикӣ аст, ки дар як бозори калони Алмато амал мекунад. Муассиси он як зани тоҷик аст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Қазоқистон паноҳ ёфтаву тиҷорати худро боз кард. (видео)

- Бартарӣ ва мушкилоти зиндагии тоҷикон дар Қазоқистон. ​Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба маҳаллаи Фирдавсӣ дар ноҳияи Мақтаарали вилояти Туркистон рафтанд, ки тоҷиктаборон онҷо зиндагӣ мекунанд ва бештар аз роҳи кишоварзӣ ва тиҷорат нони худро меёбанд. Шумо ҳам ин деҳаро бубинед. (видео)

- Афзоиши аҳолӣ барои Тоҷикистону ҷаҳон хуб аст ё бад? ​Бар асоси пешбиниҳо, 15-уми ноябр шумори сокинони тамоми сайёра ба 8 миллиард нафар баробар мешавад. Аз ин 8 миллиард нафар 10 миллион нафараш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Дар ин рӯз ҳамкорони мо аз раҳгузарон дар Душанбе ва Бохтар пурсиданд, ки афзоиши аҳолӣ барои сайёра хуб аст ё не? (видео)

- Дур аз Тоҷикистон, вале бо ёди Тоҷикистон. Тамара Катаева, яке аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик дар аҳди шӯравии собиқ чанде пеш аз шаҳри Ню Йорк ба Душанбе омад, то ҳунарнамоӣ кунад ва бо ҳамкасбону дӯстони собиқаш дидору мулоқот дошта бошад. Дар суҳбате бо Радиои Озодӣ дар бораи хотираҳо ва зиндагиаш дар Амрико нақл кард (видео)

- Дар Дарвоз боғе бунёд кардаанд, ки дар дигар ҷой нест. Дар як деҳаи дурдасти ноҳияи Дарвоз, дар баландии кӯҳҳо ва маконе, ки дастрасӣ ба об сахту шояд номумкин буд, як сокини маҳаллӣ боғе бунёд кард. Дарахтони боғ, ки дар ҳудуди деҳаи Жак ҷойгир аст, ҳамин сол мева доданд ва боғбони онҳо умедвор аст, ки умри онҳо дарозу ҳосилашон фаровон мешавад (видео)

- Сокинон гуфтанд, ки аз маъмурони милиса чӣ мехоҳанд. Дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун "Рӯзи милитсия" ҷашн гирифта мешавад. Сатҳи боварии мардум ба милитсия чӣ қадар аст ва чаро то ҳанӯз дар ин низом ислоҳоти муваффақе анҷом нашуда? Назари чанде аз роҳгузарон дар Душанбе дар бораи маъмурони милитсия инҷост. (видео)

- Иҷлосияи Хуҷанд: Чеҳраҳо ва баҳсҳо. 20 соли пеш дар ин шабу рӯз чашму ҳуши ҳама тоҷикистониён ба сӯи Қасри Арбоб, ба сӯи вакилони Шӯрои олӣ ва иқдоми онҳо андӯхта шуда буд (видео)

- "Мехостанд, писарамро зӯран ба артиш баранд". Як сокини Душанбе шикоят дорад, ки писари 14-солаашро барои бурдан ба сарбозӣ “шикор” ё “облава” карда, “дар он ҳангом задаанд”. Дар Вазорати корҳои дохилӣ чанд рӯз пеш гуфтанд, ки шикоятро таҳқиқ мекунанд. Масъулони Вазорати мудофиа иддао доранд, ки имсол ягон мавриди “сарбозшикор” набуд. (видео)

- Донишгоҳ боғ бунёд кард, донишҷӯён "азоб мекашанд".
Ҳазорҳо донишҷӯ, ки аз ноҳияҳо барои таҳсил ба шаҳри Кӯлоб меоянд, аз набудани хобгоҳ мушкил мекашанд. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, калонтарин донишгоҳи шаҳр, 10 ҳазор донишҷӯ дорад, аммо танҳо барои 500 нафар хобгоҳ пешниҳод кардааст (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG