Ссылки доступа

Додситонии Узбекистон таҳқиқи шикояти соҳибкори ҳиндиро зидди шаҳрдори Тошканд оғоз кард


Додситонии кулли Узбекистон тафтиши шикояти соҳибкори ҳиндӣ Мурарӣ Лал Ҷалан зидди шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаевро, ки гуфта буд, аз ӯ таҳдид шунидааст, оғоз кард.

Мурарӣ Лал Ҷалан, ки тарҳҳои "Minerva city", "Lake city" ва як қатор лоиҳаҳои дигарро дар Узбекистон иҷро мекунад, дар суҳбат бо хабаргузории "Kun.uz"гуфт, Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ӯро таҳдид кардааст.

Ба гуфтаи соҳибкори ҳиндӣ, ширкатҳои сохтмонии Узбекистон бо фармони раиси шаҳри Тошканд аз имзои қарордоди ҳамкорӣ бо ширкатҳои ӯ худдорӣ мекунанд. "Шаҳрдори Тошканд таҳдид кард, ки агар яке аз хоҳишҳои ӯро ихтиёран иҷро накунам, ҳамаи тарҳҳоро аз ман мегиранд", - афзудааст ӯ.

Дар шаҳрдории Тошканд иддаои соҳибкори ҳиндиро беасос хонда, гуфтанд, аз Додситонии кулли Узбекистон дархост мекунанд, то шикояти соҳибкорро санҷад.

XS
SM
MD
LG