Ссылки доступа

Сохтмони роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Узбекистон" $6 млрд харҷ хоҳад дошт


Сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" ба зудӣ шуруъ мешавад. Харҷи сохтмони ин роҳ 6 миллиард доллар арзёбӣ мегардад.

Дар ин бора раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов хабар дод.

"Барои кишварҳое амсоли кишвари мо, ки ба баҳрҳо дастрасӣ надорад, бояд роҳи мошингард ва оҳан сохта шавад. Мо ба роҳҳои нави оҳан ниёз дорем, ки кишварҳои моро ба ҳамдигар бипайванданд ва ҳамгироии иқтисодиро фароҳам оваранд", - гуфтааст Ҷабборов.

Пештар аз ин харҷи сохтмони роҳи оҳани мазкур дар ҳудуди 4-5 млрд доллар баҳо дода мешуд.

Ширкати сохтмони роҳи оҳани Чин пештар гуфта буд, ки моҳи апрели соли 2023 коркарди Асосноксозии иқтисодиву техникии роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон"-ро ба анҷом мерасонад.

XS
SM
MD
LG