Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон аз утоқ маҳрум кардани вакилро ғайриқонунӣ донист


Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 1 декабр пушти дарҳои баста хулосаи комисияи муваққатеро баррасӣ карданд, ки баъди аз утоқи корӣ маҳрум кардани вакил Омурбек Боқиров таъсис шуда буд.

Порлумони Қирғизистон баъди хулосаи комисияи мазкур қарор қабул кард.

Дар қарори порлумон омадааст, раиси девони вазирон бояд, масъалаи аз вазифа маҳрум кардани муовини роҳбари Раёсати корҳои президент Усеновро баррасӣ ва додситонии кул бояд нисбати роҳбарияти Раёсати корҳо чораҷӯӣ кунад. Дар қарори порлумон омадааст, ки роҳбари Раёсат дахлнопазирии вакил Омурбек Боқировро дағалона вайрон кардааст.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Боқировро маҷбур карданд, ки утоқи кориашро дар порлумон холӣ созад. Вакил мегӯяд, чунин муносибат бо вай баъд аз он сар зад, ки дар ҷаласаи рӯзи 17 ноябр вай ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар робита ба масъалаи марзӣ савол дод.

Баъди он ҷаласа Элмира Усенова, муовини мудири корҳои президенти Қирғизистон бо ирсоли номае ба Боқиров аз вай хост, "бо ҳадафи беҳсозии фаъолияти порлумон ва ба танзим даровардани ҷойҳои корӣ, аз шумо дархост карда мешавад, ки утоқи кории 705-умро дар ошёнаи 7 соати 13:00 рӯзи 18 ноябр холӣ кунед".

XS
SM
MD
LG