Ссылки доступа

Сарвазири Русия вориди Самарқанд шуд


Сарвазири Русия Михаил Мишустин 1 декабр бо сафари корие вориди шаҳри Самарқанд Узбекистон шуд.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, чорабиниҳои расмӣ дар доираи сафари Мишустин ба Узбекистон аз 2 декабр оғоз хоҳанд шуд.

"Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, саноат, энергетика, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва башардустона зоҳир мешавад", - навиштааст хадамоти матбуотии ҳукумати Русия.

Хабаргузории "Podrobno.uz" бо истинод ба намояндагии тиҷоратии Русия дар Узбекистон хабар дода, ки Мишустин дар форуми тиҷории ду кишвар дар шаҳри Самарқанд иштирок мекунад. Ҳайати Узбекистонро дар ин чорабинӣ сарвазир Абдулло Орипов раҳбарӣ хоҳад кард.

Қаблан "РИА Новости" хабар дода буд, ки президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 28 ноябр, дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Москва нахуст бо ҳамтои руси худ Владимир Путин ва сипас бо Мишустин дидору гуфтугӯ кардааст.

"Имрӯз бо Владимир Владимирович дар бораи он суҳбат кардем, ки як навъе эътилофи сеҷониба зарур аст ва вай тасмим дорад, ба президенти Узбекистон занг занад. Мо ҳам бояд вориди ин мавзуъ шавем то ин, ки ба натиҷаҳои мусбат ва созиш расем. Чаро не", - гуфтааст Тоқаев дар суҳбат бо Мишустин.

XS
SM
MD
LG