Ба гуфтаи ӯ, ҷасади ин ду мардро шаби 4 декабр дар ҳоҷатхонаи боздоштгоҳ овезон пайдо кардаанд.
“Маводҳо дар бораи кормандони Хадамоти иҷрои ҷазо ҷамъоварӣ ва тафтишот оғоз шудааст. Ташхис дар бадани ҳалокшудаҳо чизеро ошкор накард. Ташхиси судӣ-тиббӣ ҳам гузаронида мешавад”, - афзуд Камолидинов.
Расонаҳо пештар хабар доданд, ки ҷасади ду марди гумонбар дар таҷовузи духтари 14-соларо дар боздоштгоҳи муваққатии Ӯш овезон пайдо карданд.