Ссылки доступа

Саммити сарони давлатҳои ИИАО дар шаҳри Бишкек доир мешавад


Ҷаласаи роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё рӯзи 9 декабр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад. Соли ҷорӣ ин Иттиҳодро Қирғизистон роҳбарӣ мекунад.

Ба навиштаи расонаҳо, дар ин ҷаласа президенти Русия Владимир Путин ширкат мекунад.

Дастури кори саммити мазкур расман хабар дода нашудааст.

Дар ин Иттиҳод Қирғизистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русия шомил ҳастанд. Ин Иттиҳод бо ҳадафи бартараф кардани монеаҳои гумрукӣ, равуои озоди одамон ва мол ташкил шудааст.

Аммо монеаҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои узв бартараф нашуда, тоҷирон мегӯянд, ҳангоми ворид кардани мол бо мушкилиҳо дучор мешаванд. Бархе аз сиёсатшиносон мегӯянд, ИИАО - созмонест, ки бо ҳадафи ҳифзи манфиатҳои геополитикии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис шудааст. Дар порлумони Қирғизистон борҳо даъват ба хориҷ шудан аз ин созмон садо додааст.

XS
SM
MD
LG