Абдирасулова гуфт, вай бо ин ҳадаф ба Додгоҳи шаҳрии Бишкек шикоят бурдааст.
Рӯзи 1 декабр додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек манъи баргузории гирдиҳамоиҳоро дар чанде аз ноҳияҳои он шаҳр қонунӣ донист. Додгоҳи ҳамин ноҳия аз 31 декабри соли 2021 баргузории гирдиҳамоиҳоро дар майдони "Ала-Тоо", гулгашти Эркиндик, назди бинои порлумон, дастгоҳи президент, Додгоҳи олӣ, сафорати Русия дар Қирғизистон ва КДАМ манъ кардааст.