Ссылки доступа

Дар порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, имтиёзҳои моддии президентҳои пешин кам карда шаванд


Женишбек Токторбоев, вакили порлумони Қирғизистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи кафолатҳои фаъолияти президенти Қирғизистон ва президентҳои пешин"-ро таҳия кардааст.

Вакил гуфт, бо ҳадафи истифодаи оқилонаи маблағҳои буҷа ва амволи давлатӣ пешниҳод мешавад, ки имтиёзҳои моддии президентҳои пешин кам карда шаванд.

"Ҳоло президентҳои пешин дар тамоми тӯли зиндагиашон бо муҳофизони давлатӣ таъмин ҳастанд, ба онҳо манзили давлатӣ, нақлиёти давлатӣ, хадамоти тиббии давлатӣ дода мешавад, на камтар аз 75% маоши даврони президентиашонро дарёфт мекунанд. Ҷомеа медонад, ки на танҳо президент, балки пайвандону наздиконаш, ҳатто ронандааш сарватманд шудаанд", - гуфт Токторбоев.

Вай пешниҳод дорад, ки ҳамаи кафолатҳои президентҳои пешин бекор ва танҳо нафақа дар ҳаҷми 75% маоши даврони президентӣ боқӣ монда шавад.

Аз ҳамаи 5 президенти пешини Қирғизистон вазъи қонунии президенти пешинро танҳо Сооронбой Ҷеенбеков ва Роза Отунбоева доранд. Ҷеенбеков дар қароргоҳи президентӣ истиқомат дорад ва Отунбоева қароргоҳи президентиро дар соли 2021 тарк кард. Се президенти пешини Қирғизистон - Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев ва Алмосбек Отамбоев аз вазъи қонунии президенти пешин маҳруманд.

XS
SM
MD
LG