Ссылки доступа

Дар порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, ташхиси тиббии муҳоҷирон дар Русия ба баррасӣ гирифта шавад


Вакили порлумони Қирғизистон Нуржигит Қодирбеков гуфт, муҳоҷирони қирғизистоние, ки ҳангоми гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Русия гирифториҳояшон ба бемориҳои гузаранда ошкор мешавад, танҳо дар як муассисаи тиббӣ табобат мегиранд.

Вай гуфт, ин муассисаи тиббӣ, ки дар Маркази Сахарово, дар вилояти Москва таъсис шудааст, аз ҳар муҳоҷир 5700 рубл меситонад.

"Ҳамаи гирифторонро барои табобат иҷборан ба муассисаи тиббӣ дар хиёбони Ленин мефиристанд. Чунин эҳсос мешавад, ки онҳо аз ҳисоби муҳоҷирони мо даромад ба даст меоранд. Бигзор вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорати мо инро санҷанд. Чаро бо шаҳрвандони мо чунин муносибат мекунанд?", - гуфт вакил.

Вай ҳамзамон аз ҳукумати Қирғизистон даъват кард, дар сурати ошкор шудани поймолшавии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Қирғизистон чораҷӯӣ кунанд.

Дар Русия охири моҳи декабри соли 2021 ба қонунҳо "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ" ва "Дар бораи сабти давлатии изи ангушт" тағйирот ворид карда шуд. Бино ба тағйироти охир дар Русия тартиби наве барои муҳоҷирон ҷорӣ гардид. Бар асоси он тағйирот, муҳоҷирон ҳамакнун ташхиси бемориҳои гузарандаи ҷинсӣ ва изи ангушт месупоранд.

XS
SM
MD
LG