Ссылки доступа

Дар ошхонаи як сокини Самарқанд деги дуҳазорсола пайдо карданд


Оҷонси мероси фарҳангии Узбекистон мегӯяд, деги биринҷиеро дар ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд пайдо кардааст, ки ба қабилаи сакиҳо дар асрҳои II-I пеш аз милод тааллуқ дорад

Дегро сокини деҳаи "Муҳаммадӣ"-и Пайариқ соли 1993, ки он замон ба ҳайси мудири мактаб кор мекард, пайдо карда будааст.

Мард мегӯяд, дегро ҳангоми кофтани ҷӯйбор дар теппаи миёни куҳи Карочӣ ва ёдгории бостонии "Тешиктеппа" пайдо кард ва бехабар аз арзишаш онро дар умури рӯзгор истифода мебурд.

Баландии дег 37 ва паҳноияш 52 сантиметр аст.

XS
SM
MD
LG