Ссылки доступа

Президенти Узбекистон бори аввал бештар аз 400 зиндониро афв кардааст


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон бахшида ба 30-солагии Конститутсияи он кишвар 402 зиндониро афв кардааст.

Дар ин афв 17 шаҳрванди хориҷӣ, 63 зан, 26 марди аз 60-сола боло, инчунин 19 зиндоние шомил шудаанд, ки барои иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ маҳкум шуда буданд.

Аз маҷмуи афвшудаҳо 128 кас аз идомаи ҷазо комилан озод, 201 кас шартан пеш аз муҳлат озод ва ҷазои 15 тани дигар сабуктар гардонида хоҳад шуд.

Аз 402 тани шомили афв 223 кас маҳбасҳоро тарк мекунанд, 121 танро аз назорати пулис хориҷ ва муҳлати ҷазои 58 тани дигарро кам мекунанд.

Пештар аз ин бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Узбекистон 75 зиндонӣ афв шуда буд.

XS
SM
MD
LG