Ссылки доступа

Туркманистониҳо пеш ва баъд аз сафар ба Узбекистон бозпурсӣ мешаванд


Маъмурони Вазорати амнияти миллии Туркманистон шаҳрвандонеро, ки мехоҳанд ба Узбекистон сафар кунанд, ба суҳбат даъват менамоянд.

Ин хабарро як ҳамсуҳбати бахши туркмании Радиои Озодӣ, ки барои суҳбат ба Вазорати амнияти миллии Туркманистон даъват шуда буд, тасдиқ кард.

"Вақте ҳамаи санадҳо барои сафар омода шудан шумо бояд барои суҳбат ба Вазорати амнияти миллӣ равед. Баъди бозгашт аз Узбекистон ҳам ба суҳбат даъват менамоянд. Бо шаҳрвандон тавре муносибат мекунанд, ки гӯиё ба Узбекистон ҷосусро мефиристода бошанд", - изҳор дошт сокини Лебап.

Маъмурони амниятӣ талаб мекунанд, ки ҳангоми ҳузур доштан дар кишвари ҳамсоя дар бораи Туркманистон ҳарфи манфӣ нагӯянд. Ҳамчунин дастур мешавад, ки дар бораи чи гуна зиндагӣ кардани туркмантаборон дар Узбекистон маълумот ҷамъоварӣ кунанд.

"Дар вазорат ҳамчунин хоҳиш мекунад, ки ҳаҷми маоши кормандони низомӣ, гумрук ва муҳоҷирон дар Узбекистонро муайян кунем. Маъмурон ба шаҳрвандон дастур медиҳанд, ки ин маълумотро тавассути наздиконашон ҷамъоварӣ намоянд”, - афзудааст ҳамсуҳбати радио.

XS
SM
MD
LG