Ссылки доступа

Тоҷикистон бо арзиши 100 миллион доллар ба хориҷ нерӯи барқ фурӯхтааст


Тоҷикистон аз фурӯши нерӯи барқ дар нӯҳ моҳи имсол беш аз 100 миллион доллар фоида дарёфт кардааст, ки 10 миллион доллар бештар аз соли гузашта мебошад.

Оҷонсии омори Тоҷикистон бо нашри ҳисоботе гуфтааст, ки соли гузашта дар нӯҳ моҳ Тоҷикистон ба хориҷ бо арзиши беш аз 91 миллион долллар нерӯи барқ фурӯхта будааст.

Ҳоло дар аксар деҳоти Тоҷикистон нерӯи барқ бо маҳудият дода мешавад. Аввали моҳи октябр ширкати “Барқи тоҷик” тасдиқ карда буд, ки дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст. Мақомот дар шарҳи ин мавзуъ гуфта буданд, ки барои нигаҳ доштани захираи об дар обанборҳои неругоҳҳои кишвар дар интиқоли барқ маҳдудият ҷорӣ кардаанд. Масъулин аз сокинон даъват карда буданд, ки барқро сарфакорона истифода баранд.

Мақомот пештар гуфта буданд, ки бештар дар фасли гармо ба хориҷи кишвар барқ содир мекунанд ва дар зимистон онро кам мекунанд. Оҷонсии омор низ гуфтааст, ки дар моҳи октябр назар ба моҳи сентябр фуруши барқ беш аз як миллион доллар камтар шуд.

Пештар барқи тоҷик эълон карда буд, ки бар асоси қарордод бо ширкати Брешнои Афғонистон дар соли 2022 дар тобистон ба ин кишвар барқи бештар мефурушанд, вале онро дар зимистон ба маротиб кам мекунанд.

XS
SM
MD
LG