Ссылки доступа

Дар шарқи Узбекистон кормандони як корхона ба далели набуди газ гирдиҳамоӣ карданд


Дар вилояти Фарғонаи Узбекистон кормандони як корхонаи истеҳсолӣ ба далели набуди газ корпартоӣ карданд. Баъди корпартоӣ чанд коргарро бо айбҳои "майдаавбошӣ" ва "вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоӣ" ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд.

Рӯзи 29 ноябр корхонаи истеҳсоли гаҷро, ки коргаронаш гирдиҳамоӣ карданд, аз хати газ маҳрум сохтанд. Гази корхона барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ равона шудааст.

"Рӯзи 6 декабр 20 тан коргари корхона бо вайрон кардани тартиби ҷамъиятӣ гирдиҳамоӣ ташкил карданд", - хабар доданд дар мақомоти пулиси Узбекистон.

XS
SM
MD
LG