Матни қарори додгоҳ нашр нашудааст. Хабаргузориҳои Қазоқистон бо такя ба ҳуҷҷате, ки дар сомонаи Додгоҳи олии Фаронса оид ба масоили паноҳандагӣ нашр шудааст, навиштанд, дархости Аблязов рӯзи 8 декабр рад шудааст.
Аблязов дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарори додгоҳро ғайриқонунӣ унвон ва аз идомаи талошҳояш барои дарёфти паноҳандагӣ хабар дод.
Ба гуфтаи Аблязов, додгоҳи Фаронса чунин қарори "бесобиқа"-ро дар натиҷаи "фишори сахт ва доимии Қазоқистон" қабул кардааст.
Охири моҳи ноябр нашрияи фаронсавии Le Figaro навишт, ки парвандаи Аблязов дар меҳвари мулоқоти президенти Қазоқистон бо ҳамтои фаронсавиаш қарор дорад. Ду президент рӯзи 30 ноябри соли 2022 мулоқот карда буданд.