Ссылки доступа

Бишкек дар садри шаҳрҳои дорои олудатарин ҳаво


Рӯзи 11 декабр шаҳри Бишкеки Қирғизистон дигарбора дар мақоми аввали шаҳрҳои дорои олудатарин ҳаво қарор гирифт.

Шохиси сифати ҳаво дар Бишкек 288 нишондод баҳо дода шудааст. Бино ба муқаррарот, то 50 нишондод ҳавои соф ва болотар аз 300 нишондод - хатарноктарин ҳаво унвон мешавад.

Ҳамасола бо фарорасии сардиҳо ҳавои Бишкек олудатар мешавад. Динара Кутманова, вазири захираҳои табиии Қирғизистон гуфт, шуруъ аз соли 2016 шаҳри Бишкек пайваста дар қатори 10 шаҳри олудатарини дунё шомил мешавад.

Бино ба пажуҳишҳо, манбаи асосии олудасозии ҳавои Бишкек ангиште ном бурда мешавад, ки барои гармсозии манзилҳо истифода бурда мешавад.

XS
SM
MD
LG