Ссылки доступа

Бори нахуст як бонки Узбекистонро ба хориҷиҳо фурӯхтанд


Нашрияи "Дарё" хабар дода, ки саҳмияҳои давлатии "Ипотека-бонк"-и Узбекистон ба "OTP Bank"-и Маҷористон фурӯхта шудааст.

Тибқи иттилои нашрия, маросими имзои созишнома дар бораи хусусигардонии саҳмияҳои давлатии "Ипотека-бонк" 12 декабр дар шаҳри Тошканд баргузор шудааст.

"Ба назари мо, омадани бонки Маҷористон ба Узбекистон сифати рақамишавӣ ва хидматрасониҳои бонкиро дар кишвар боз ҳам боло мебарад. Ҳамчунин ин созишнома ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо мусоидат мекунад. Ин бори нахуст аст, ки як бонки хориҷӣ саҳмияҳои бонки Узбекистонро мехарад", - иқтибос овардааст нашрия аз суханони вазири сармоягузорӣ ва савдои берунии Узбекистон Ҷамшед Хоҷаев.

"Ипотека-бонк" панҷумин бонки бузургтарини Узбекистон ба ҳисоб рафта, ба беш аз 1,6 миллион муштарӣ хидмат мерасонад.

XS
SM
MD
LG