Талайбек Бойғозиев, сардори раёсати ширкати миллии энержии Қирғизистон 12 декабр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек гуфт, дар ҳоли ҳозир сокинони ин кишвар рӯзона 70 миллион киловатт-соат неруи барқ сарф мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин рақам дар соли гузашта 55 миллион киловатт-соатро ташкил медод.
Бойғозиев афзуда, ки неругоҳи барқӣ-обии Тоқтагули Қирғизистон ба таври муқаррарӣ кор мекунад ва ҳаҷми обанбор 12,1 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1,4 миллиард метр зиёд аст.