Ссылки доступа

Нархи патенти кор дар Русия аз соли оянда боло меравад


Нархи патент ё иҷозатномаи кор ба муҳоҷирони корӣ сар аз соли 2023 дар аксар шаҳрҳои Русия боло меравад.

Аввали моҳи ноябр қонунгузории андози Русия тағйир ёфт ва бар ин асос муҳоҷирон барои патент маблағи бештар месупоранд.

Муҳамммадҷон Собиров, ҳуқуқшиноси муқими Русия, ки ба тағйиротҳои ахир шинос шудааст, гуфт, нархи “патент дар Маскав аз 5900 рубл ба 6600 рубл боло хоҳад шуд." Яъне муҳоҷирони муқими Маскав нисбат ба соли гузашта 700 рубл бештар хоҳанд супурд. Ба гуфтаи ӯ, дар Санкт Петербург нархи патент 4200 рубл аст, ки аз соли 2023 ба 4 400 рубл, яъне 200 рубл гаронтар хоҳад шуд.

Дар вилояти Самара нархи патент 4419 рубл аст ва он дар соли 2023 ба 5720 рубл мерасад.

Муҳаммадҷон Собиро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷироне, ки аптент доранд, набояд аз музди маошашон ҳам андоз супоранд.

Муҳоҷирони тоҷик пайваста аз гаронии нархи патент шикоят мекарданд. Бештари муҳоҷирони тоҷике, ки аз ин кишвар ихроҷ мешаванд, ё патент надоранд ё мӯҳлати патенташон сипарӣ шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, супурдани патент як навъ фишор ба муҳоҷирони корӣ аст, чун онҳо чанд баробар бештар аз корашон андоз месупоранд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик аст, ки аксари онҳо тариқи патент кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG