Ссылки доступа

Муҳлати ҳабси гумонбарони парвандаи "Кампиробод"-ро дар Қирғизистон тамдид карданд


Фаъолони шаҳрвандии Қирғизистон Чингиз Капаров, Илгиз Шаменов, Айданбек Акматов, Оқил Айтбоев дар боздоштгоҳи шаҳри Бишкек боқӣ гузошта шуданд.

Ба иттилои мақомоти додгоҳии Қирғизистон, гумонбарони мазкури парвандаи маъруф ба "Кампиробод" то 20 феврали соли 2023 дар ҳабси пешакӣ мемонанд.

Пештар аз ин, рӯзи 9 декабр, додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек муҳлати ҳабси пешакии гумонбарони дигари парвандаи "Кампиробод" - Азимбек Бекназаров ва Орозайим Норматоваро тамдид кард.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Мақомоти Қирғизистон онҳоро дар "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо" гумонбар мекунанд.

XS
SM
MD
LG