Ссылки доступа

Барои таъмини амният дар шаҳри Алмато қариб 17 млрд танга ҷудо шудааст


Барои таъмини амният дар шаҳри Алматои Қазоқистон иловатан 16,8 млрд танга - муодили 35,7 млн доллари ИМА - ҷудо шудааст. Дар ин бора ҳокими шаҳри Алмато Ерболат Досаев рӯзи 12 декабр хабар дод.

"Ҳамчунин барои таъмини амнияти сокинони Алмато дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон то охири сол насби 3050 дурбини наворбардор дар назар аст", - гуфт Досаев.

Вай илова кард, тамоми зерсохторе барқарор шудааст, ки дар ҳодисаҳои январӣ тахриб шуда буданд.

Ба 1640 соҳибкори хурду миёна, ки дар ҳодисаҳои январӣ зиён дида буданд, дар ҳаҷми 16,2 млрд танга ҷуброн пардохт шудааст. Ҳамчунин ба шахсони воқеӣ дар ҳаҷми 613,5 млн танга ҷуброн пардохт шудааст, гуфт Досаев.

Ибтидои соли 2022 эътирозҳои зидди болоравии қимати газ, ки дар вилояти Мангистауи Қазоқистон оғоз шуданд, ба минтақаҳои дигари он кишвар паҳн гариданд. Дар чанде аз шаҳрҳо гирдиҳамоии осоиштаи сокинон ба занозанӣ бо пулис печид. Пулис сӯи эътирозгарони бесилоҳ оташ кушод. Дар натиҷа 238 кас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG