Ссылки доступа

Бештар аз 100 ходими илм, фарҳанг ва сиёсати Қирғизистон хостанд, сомонаи Радиои Озодӣ боз шавад


Kyrgyzstan: Azattyk Radio's logo - Media - Microphone, "Azattyk Media" - RFE/RL's Kyrgyz Service

Бештар аз сад кас - намояндагони қишри зиёии Қирғизистон, ходимони санъату фарҳанг, олимон, фаъолон ва рӯзноманигорон аз вазъи атрофи бахши қирғизии Радиои Озодӣ нигаронӣ карданд.

Дар муроҷиатномаи ин афрод ба унвонии президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва дигар мақомдорон омадааст, "бастани сомона ва суратҳисоби бонкӣ на ба Конститутсия мутобиқат дорад ва на ба қонунҳои дигар".

"Набояд фаромӯш кард, ки Радиои Озодӣ дар таърихи 70 соли фаъолияташ дар шаклгирии истиқлоли Қирғизистон нақш доштааст, барои даст ёфтан ба озодӣ саҳм гузоштааст", - омадааст дар муроҷиатнома.

Муаллифон аз роҳбарияти Қирғизистон даъват кардаанд, ки дар барқарории фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик Медиа" мусоидат кунанд.

Зеро нома бештар аз 100 кас имзо мондааст, ки миёнашон ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ, вакилони пешину амалкунандаи порлумон ҳастанд.

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 26 октябри соли ҷорӣ сомонаи "Азаттик Медиа"-ро барои ду моҳ баст. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод унвон кард.

"ДемирБонк"-и Қирғизистон рӯзи 31 октябр суратҳисобҳои бонкии "Азаттик Медиа"-ро маҳдуд кард.

XS
SM
MD
LG