Ссылки доступа

Нафткашҳо дар Мангистауи Қазоқистон бо талаби маоши бештар дар саҳро хоб мераванд


Дар чоҳи нафти Каражанбас дар вилояти Мангистауи Қазоқистон коргарони ширкати Phystech II бо талаби маоши бештар се шаби охир дар саҳро хоб мераванд.

Рӯзи 15 декабр коргарон аз кор рондани мудири ширкат Ернар Байжалиев ва муовини вай Талгат Қодировро талаб карданд.

"Мо се рӯз дар сардӣ истодем, онҳо ба ҷуз аз дар автобус нишастан, чизи дигаре пешниҳод накарданд. Талабҳои мо қонеъ нашуданд. Мо бо онҳо наметавонем, кор кунем", - гуфтанд нафткашҳои эътирозгар.

Ин коргарон рӯзи 12 декабр бо нишони эътироз дар саҳро хайма ё юрта заданд ва онҷо шабҳоро рӯз мекунанд. Пулис хаймаҳоро барканда ва коргаронро дар саҳро бидуни сарпаноҳ гузоштааст.

Роҳбарияти ширкат гуфтааст, боло бурдани маош имкон надорад. Дариға Кибасова, ҳуқуқшиноси Phystech II гуфтааст, ки ширкат "дар марҳилаи варшикастагӣ қарор дорад".

XS
SM
MD
LG