Теъдоди касоне, ки марзи Узбекистонро аз гузаргоҳи вилояти Лебапи Туркманистон убур мекунанд, рӯз аз рӯз меафзояд. Ба иттилои шоҳидон, шаҳрвандони Туркманистон дар роҳи баргашт аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия ва Ҳинд тавассути Узбекистон ба ватанашон ворид мешаванд.
"Шаҳрвандоне, ки аз хориҷ меоянд, дар марз бояд ташхиси коронавирус супоранд. Натиҷаҳои ташхис баъд аз 7-10 соат муайян мешаванд. Хадамоти пешгирии бемориҳои вилояти Лебап дар маркази Туркманобод, дар фосилаи 50 км дур аз гумрук ташхисҳоро анҷом медиҳад. Бурдану овардан ва анҷом додани ташхис вақт мегирад. Ба ҳамин далел мусофирон маҷбуранд 7-10 соат дар марз мунтазир монанд", - нақл кард як шоҳид.