Раёсати нақлиёти шаҳрдори Тошканд 15 декабр хабар дод, ки Мирзиёев 13 декабр баъди шиносоӣ бо вазъи парки нақлиётии пойтахти Узбекистон дастур додааст, то низоми хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр такмил карда шавад.
Манбаъ афзуда, ки Вазорати корҳои дохилии Узбекистон низ ба шаҳрдории Тошканд 30 автобуси навъи "Isuzu" туҳфа кардааст.
Ба иттилои раёсат, 15 декабр, баъди интиқоди Мирзиёев 944 автобус барои хидматрасонӣ ба мусофирон дар кӯчаҳои Тошканд сафарбар шудааст, ки назар ба рӯзи 14 декабр 75 автобус бештар мебошад.
Шаҳрдории Тошканд гуфта, ки қарор аст, 16 декабр ҳазор автобус ба сокинон ва меҳмонони шаҳр хидмат расонад.