Ссылки доступа

Дар натиҷаи садамае дар Қазоқистон 8 кудак осеб дидааст


Пулиси шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон гуфт, ронандаи мошини "Toyota Estima", ки 9 кудак ва мураббии онҳоро ба мусобиқаи волейболе мебурду ба садама дучор шуд, дастгир гаштааст.

Зидди ронандаи 32-сола аз ноҳияи Тимури Қазоқистон бо банди "нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси марги инсон мешавад" парванда боз шудааст.

Панҷ кудаке, ки рӯзи шанбе дар садама осеб дида буданд, дар бемористони Оқтеппа ҷарроҳӣ шуда, дар ҳоли ҳозир дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд ва вазъашон "вазнини миёна" гуфта мешавад. Дасту пойи яке аз онҳо шикастааст.

Раёсати тандурустии Оқтеппа иттилоъ додааст, ки се кудаки дигар дар шуъбаи ҷарроҳии бемористон бистариянд. "Вазъи мураббӣ вазнин аст. Дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Мағзи сар ва сутунмуҳраи ӯ осеб дидааст", - омадааст дар хабари раёсат.

Садама 17 декабр замоне рух дод, ки кудакон ба мусобиқаи волейболе мерафтанд. Як кудак дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд.

XS
SM
MD
LG