Ссылки доступа

Бинои ҳукумати шаҳри Алматои Қазоқистон то нимаи соли 2023 барқарор мешавад


Бинои ҳукумати шаҳри Алматои Қазоқистон, ки дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 оташ гирифта буд, то нимаи соли 2023 барқарор хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзи 19 декабр дар ҳукумати шаҳри Алмато хабар доданд.

Ҳамзамон ҳукумати Алмато навореро нашр кард, ки дар он ҷараёни корҳои барқарорсозӣ сабт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрдори Алмато Ерболат Досаев ҳафтаи гузашта аз барқароршавии ҳамаи зерсохторҳои зиёндида дар ҳодисаҳои январӣ хабар дода буд. Вай гуфта буд, "иқтисоди шаҳр ба рушди устувор расида, сатҳи амнияти ҷамъиятӣ ба таври чашмрас боло бурда шудааст".

Ба 1640 соҳибкори хурду миёна, ки дар ҳодисаҳои январӣ зиён дида буданд, дар ҳаҷми 16,2 млрд танга ҷуброн пардохт шудааст. Ҳамчунин ба шахсони воқеӣ дар ҳаҷми 613,5 млн танга ҷуброн пардохт шудааст, гуфта буд Досаев.

Ибтидои соли 2022 эътирозҳои зидди болоравии қимати газ, ки дар вилояти Мангистауи Қазоқистон оғоз шуданд, ба минтақаҳои дигари он кишвар паҳн гариданд. Дар чанде аз шаҳрҳо гирдиҳамоии осоиштаи сокинон ба занозанӣ бо пулис печид. Пулис сӯи эътирозгарони бесилоҳ оташ кушод. Дар натиҷа 238 кас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG