Ссылки доступа

Номаи рӯзноманигор Михаил Козачков аз дохили боздоштгоҳи Алмато


Рӯзноманигор Вадим Борейко дар саҳифаи худ муроҷиатномаи ҳамкораш Михаил Козачковро, ки ахиран аз ҷониби кормандони Оҷонси назорати молии Қазоқистон боздошт шуда буд, нашр кардааст.

Козачков дар оғози муроҷиати худ гуфтааст, то ҷое медонад, ӯро ба ғасби рейдерӣ, иштирок дар гурӯҳи ҷиноӣ ва ҷамъовариву паҳн кардани сирри давлатӣ айбдор мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, банди ахир ба ҳуввияти афсари оҷонс дахл дорад, ки вакилони дифоъро таъқиб мекард.

"Маълумоти шахсии афсар дар сарчашмаҳои боз мавҷуд аст ва ман барои дастрас кардани он ягон пойгоҳи махфии иттилоъро рахна накардаам. Аммо "ғасби рейдерӣ" ва "гурӯҳҳои ҷиноии муташаккил" пурсарусадотарин парванда дар атрофи "Эсентай Ситӣ" ва иншооти дигар аст. "Амали ҷиноӣ"-и ман ин аст, ки дар бораи парвандаи ҷиноии Алмос Абдиғаппаров, ки бо ҷурми азхудкунии пулҳо маҳкум шудааст, матлаб навиштаам", - афзудааст рӯзноманигори боздоштшуда.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, сардори Оҷонси назорати молии Қазоқистон Жанат Элиманов мехоҳад аз ӯ қасос гирад ва бинобар ин, вайро дастгир кардааст.

Оҷонси мониторинги молӣ дар Қазоқистон 18 декабр хабар дод, ки рӯзноманигор Михаил Козачков, бунёдгузори канали "Kozachkov offside" дар паёмакрасони Телеграм ва хабарнигори нашрияи "Время" дастгир шудааст.

Ӯ дар мусоидат ба "гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ"-и Елдос Коспаев айбдор мешавад. Тибқи фарзияи оҷонс, Коспаев гӯиё аз "хидматҳои Козачков барои ҳамлаҳои иттилоотӣ зидди қурбониёни ғасбҳои рейдерӣ истифода мекардааст". Козачков барои ин "хидматҳояш" аз гуруҳи ҷиноӣ 52 миллион танга гирифтааст.

XS
SM
MD
LG